Август 28, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Барканории як имомхатиб барои надонистани суруди миллӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон як имомхатиби масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Панҷакентро барои надонистани "Суруди миллӣ" аз кор барканор кард.

Ба нақл аз Форс, Нақибхон Қориев, сокини 27-солаи ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, ки масъулияти имомхатибии масҷиди ҷомеъ дар ин ҷамоатро бар дӯш дошт, аввали моҳи июни имсол дар аттестатсияи Кумитаи дин дар Душанбе ширкат кард. Ӯ мегӯяд, Суруди миллиро медонист.

Нақибхон Қориев рӯзи27-уми август гуфт, тоза барояш хабар доданд, ки бинобар надонистани "Суруди миллӣ" ҳаққи имомхатибӣ надорад ва ба ҷояш нафари дигарро имомхатиб таъин карданд.

Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон мегӯяд, донистани "Суруди миллӣ", "Муқаддасоти миллӣ" ва рукнҳои намоз аз пурсишҳоест, ки ҳамасола имомхатибон мавриди суолу ҷавоб қарор мегиранд.

Нақибхон Қориев, имомхатиби ҳамакнун собиқи масҷиди ба номи "Қаландар"-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, "Суруди миллӣ"-ро медонад, аз ин рӯ, барканориаш ноодилона аст.

Ӯ гуфт, эътироф мекунад, ки дар санҷиши шаҳри Душанбе аз саросемагӣ ояти нозилшуда дар бораи ҳаҷро пурра надонист, вале "Суруди миллӣ"-ро аз ёд медонад ва"Муқаддасоти миллӣ", ки иборат аз парчаму нишони давлатӣ ҳаст, номбар кард.

Нақибхон Қориев барои исбот бахше аз"Суруди миллӣ"-ро низ хонд ва муаллифу оҳангсози онро ном гирифт. Нақибхон Қориев хатмкунандаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, мегӯяд,ба ҷояш нафареро гузоштанд, ки диплом надорад.

Ӯ гуфт, "пурсиши аввал аз "Суруди миллӣ" буд. Ҳама имомхатибонро пурсиданд. Саволе, ки надонистам, ин буд, ки кадом оят дар бораи Ҳаҷ нозил шудааст. Ҷавоби пурра надодам. Дигар ҳама саволҳоро ҷавоб додам. Дидаву дониста, манро, ки дипломи махсус дорам, аз кор барканор карданд. Ҳоло дар ҷойи ман нафареро гузоштанд, ки диплом надорад."

Масҷиде, ки Нақибхон дар он имоматӣ мекард, дар намозҳои ҷумъа то ду ҳазор нафар намоз мегузорад ва яке аз масҷидҳои калонтарини шаҳри Панҷакент аст.