Наметавон либоси номуносибро ба бонувони мусалмон таҳмил кард
Раиси Иттиҳоди бонувони мусалмон ва узви Шӯрои коршиносони Маҷлиси Думаи Русия дар умури занон ва хонавода бо ишора ба интишори дастуруламали либоси миллии бонувон дар Тоҷикистон гуфт, наметавон либоси номуносибро ба бонувони мусалмон таҳмил кард.
Ба гузориши “Спутник”, хонум Наилия Зиганшино гуфт, либоси бонувони мусалмон бояд сода ва муносиб бошад, ба тавре, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи мардон нашавад. Албатта, вуҷудм бархе аз унсурҳои либоси миллӣ дар навъи пӯшиши занони мусалмон ишколе надорад. Аммо муҳимтарин нукта дар навъи пӯшиши бонувони мусалмон бояд мурооти шариати Ислом бошад, ки андоми онон дар берун аз хона дар манзари умумӣ пӯшида бимонад.
Ба гуфтаи вай, имрӯз тарроҳони либос ва мӯд дар Русия анвои мухталифи либосро ба бонувони мусалмон ироа мекунанд, ки бо суннатҳои миллӣ ва фароизи исломӣ созгорӣ дорад. Бо ин ҳол таҳмили либосҳои номуносиб ба бонувони мусалмон, ки бо пӯшиши исломӣ таноқуз дорад, наметавонад давом биоварад. Зеро таҷрибаи бархе аз кишварҳои исломӣ, ки дар қарни 20 ба баҳонаи расидан ба тамаддуни Ғарб ба иқдомоти ифротӣ алайҳи пӯшиши бонувони мусалмон даст заданд, нишон медиҳад, ки таҳмили либоси номуносиб барои ин қишри ҷомеа муғойир бо шариати Ислом ва оқибат надорад.
Ахиран мақомоти Кумитаи давлатии умури занон ва хонавода ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба интишор ва таблиғи дастуруламале, ки “либоси миллии бонувон” номидаанд, иқдом кардаанд, ки ба гуфтаи коршиносон таблиғи либосҳои даврони Шӯравӣ ба унвони либоси миллии тоҷикҳост ва ин либосҳо бо чорчӯби пӯшиши занони мусалмон муғойир аст.