Сентябр 08, 2016 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори коршиноси тоҷик дар бораи тавтеаи ҷадиди Амрико барои Осиёи Марказӣ

Коршиноси тоҷик ҷоизаи 3 миллион долларии Амрико барои ёфтани полковник Гулмурод Ҳалимов ва сипас интисоби вай ба унвони вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ-ро, оғози тавтеаи ҷадиди Амрико барои минтақаи Осиёи Марказӣ медонад.

Нуралӣ Давлат-муаррих ва таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик бо ишора ба ҳамзамонии хабари эъломи ҷоизаи Амрико ва таъйин полковник Ҳалимов ба мақоми вазири ҷанги ДИИШ мегӯяд, Вашингтон қасд дорад аз Гулмурод Ҳалимов афсонаи тозае монанди афсонаи Усома бин Лодан бисозад.

Ба гуфтаи вай, агар сарнавишти Усома бин Лодан ба диққат бозбинӣ шавад посухи бисёре аз саволот равшан хоҳад шуд.

Вай муътақид аст, ки Амрико қасд дорад дар зиҳни мусулмонон муҷассамаи тарсу ваҳшати ҷадиде монанди Усома бин Лодан эҷод кунад, аз ин рӯ барои ёфтани Гулмурод Ҳалимов ҷоиза таъйин кардааст, зеро Ҳалимов дар Амрико омӯзиш дида ва қоидаҳои бозии террористиро хуб медонад.

 

 

Барчасп