Сентябр 11, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • Сию нуҳ адад силоҳ дар вилояти Бадахшон таҳвили пулис шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дарёфти 39 адад аслиҳа дар рӯзҳои 16 август то 8 сентябр аз сокинони вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сокинони вилояти Бадахшон ин теъдод аслиҳаро довталабона тайи ин муддат ба идораҳои пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳвил додаанд. Ин силоҳҳо шомили ҳашт “Калашников”, 11 тӯфангчаи “Макаров”, як қабза мусалсал ва 19 навъ аз силоҳҳои мухталиф аст. Гуфта мешавад, ин силоҳҳо аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 1997 дар дасти мардум будааст.

Дар соли 2012, пас аз кушта шудани генерал Абдуллоҳ Назаров, раиси идораи амнияти миллии вилояти Бадахшон, ки ҳамлаи артиши Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақаро дар пай дошт, теъдоди зиёде аз сокинони ин шаҳр силоҳҳои худро таҳвил доданд, аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам дар дасти сокинони вилояти Бадахшон силоҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дар чанд низоъ миён афрод мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар яке аз ин маворид дар моҳи июли соли 2015 Давлат Кименов, сокини ноҳияи Рӯшон бар асари шиллик аз ҳафттир кушта шуд. Ҳамчунин дар соли 2016 истифода аз силоҳ ҳангом низоъ миён ду нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ мӯҷиби кушта шудани Фирӯз Одинашоев гашт.