Оё зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон озод хоҳанд шуд?
(last modified 2018-09-13T04:00:03+00:00 )
Сентябр 13, 2018 09:00 Asia/Dushanbe
  • Оё зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон озод хоҳанд шуд?

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли озодии 183 зиндонии сиёсии мухолифи ҳукумат дар ноябри имсол ҳарфҳои зидду нақизе мезананд, ки муҷиби эҷоди тардид дар амалӣ шудани ин ваъда мешавад.

Сайфуллоҳ Сафров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар Варшаваи пойтахти Полша аз ин тасмим хабар дода буд, аммо вай ба тозагӣ гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур комиссияи вижае таъсис карда ва дар ҳоли баррасии ин мавзуъ аст ва афроде, ки дорои шароити афв бошанд, шомили ин феҳрист хоҳанд шуд.  

Аз сӯи дигар, Спутник 12 сентябр бо истинод ба мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки ин мавзуъро мақомоти ин вазорат ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар дасти баррасӣ доранд ва эҳтимолан ба муносибати бисту чаҳорумин солгарди тасвиби Қонуни асосӣ дар ноябри имсол ин 183 зиндонӣ озод хоҳанд шуд.  

Бо ин ҳол генерал Иззатуллоҳ Шарифов, раиси зиндонҳои Тоҷикистон аз тарҳи ин мавзуъ ибрози беиттилоӣ кардааст.

Ҳамчунин Муҳаммадалӣ Ватанзода, дастёри вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури ҳуқуқӣ гуфтааст, ки аз ин мавзуъ иттилое надорад ва расонаҳои хабарӣ бояд манбаи интишори ин хабарро эълом кунанд.  

Интизор мерафт, дар феҳристи номи афроде, ки озод хоҳанд шуд, номи Мҳамадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ ва Зайд Саидоф, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабти ном нашудаи Тоҷикистони нав вуҷуд дошта бошад.