Дуввумин неругоҳи баландтарини ҷаҳон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38067-Дуввумин_неругоҳи_баландтарини_ҷаҳон_дар_Тоҷикистон_ифтитоҳ_шуд
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дувумин неругоҳи баландтарини ҷаҳонро дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ифтитоҳ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 14, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин неругоҳи баландтарини ҷаҳон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дувумин неругоҳи баландтарини ҷаҳонро дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ифтитоҳ кард.

Ба гузориш хабаргузории давлатии Ховар, “Неругоҳи барқи обии Тоҷикистон” бо ҳазинаи ҳафт миллион евро ва бо сармоягузории кишвари Олмон сохта шудааст.

Ноҳияи  Мурғоб дар вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон ва наздикии марз бо кишвари Чин, се ҳазору 600 метр болотар аз сатҳи баҳр қарор дорад ва баландтарин ноҳияи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Неругоҳи роҳандозишуда дар Мурғоб аз назари таъсис дар манотиқи баланд, нахустин дар Тоҷикистон ва дувумин дар ҷаҳон аст.

“Неругоҳи Тоҷикистон” тавоноии тавлиди 1500 киловатт-соат барқро доро аст.