Дархости рӯҳониёни Суғд аз САҲА барои истирдоди аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ
(last modified Mon, 17 Sep 2018 06:33:43 GMT )
Сентябр 17, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости рӯҳониёни Суғд аз САҲА барои истирдоди аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ

Имомхатибони вилояти Суғд, Созмони амнияти ҳамкориҳои Аврупо ва кишварҳои хориҷиро ба сиёсати дугона муттаҳам карда ва аз онҳо хостанд, ки аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Ба гузориши дафтари матбуоти вилояти Суғд, имомхатибони суғдӣ дар ҷамъи ходимони дин дар вилояти Суғд, аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) хостанд, ки этилофи тозатаъсиси наҳзатиёнро ба расмият нишиносанд ва раҳбарон ва пайравони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар ҷаласоти боқимонда, роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин онҳо аз кишварҳое, ки аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар онҷо сукунат доранд, дархост карданд, ки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.