Сентябр 18, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши додситонҳои кулли ИДМ дар Тоҷикистон

Додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон масоили марбут ба беҳбуди равобит дар заминаи мубориза бо фасодро баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, масоили марбут ба беҳбуди ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо фасод дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли ИДМ 20 сентябр дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад. Дастури кори ин нишаст шомили 17 мавзӯъ аст, ки табодули таҷриба дар хусуси масоили гуногуни фаъолияти додситонӣ, эътои вазъияти созмони асосии бозомӯзӣ ва афзоиши ҳирфаи кормандони ниҳодҳои додситонии кишварҳои узви ИДМ ба Академияи пулиси Қазоқистон ва Донишгоҳи додситонии Русия аз ҷумлаи онҳост.

Ширкаткунандагони ин ҷаласа қасд доранд, барои барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷурму ҷиноят, терроризм, ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир, равонгарон (доруҳое, ки ба ҷойи маводи мухаддир истифода мешаванд), қочоқи инсон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷароим бо истифода аз фанновариҳо ва ҳамчунин тақвияти амнияти марзӣ дар марзҳои хориҷии ин иттиҳод дар соли гузаштаи милодӣ натиҷагирӣ кунанд.