Сентябр 25, 2018 11:40 Asia/Dushanbe
  • Як соли зиндон барои интиқод аз акси раисҷумҳури Тоҷикистон

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро ба иттиҳоми барангехтани кинаву адоват ва тавҳин ба акси раисҷумҳури Тоҷикистон, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Додгоҳи вилояти Хатлон Абдулҳаким Таубов, сокини ноҳияи Хуросонро ба иттиҳоми бидъат эълом кардани ҷашни Соли нави мелодӣ ва Наврӯз ва тавҳин ба акси Эмомалӣ Раҳмон, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти ин додгоҳ гуфтаанд, ки бар асоси шаҳодати Занҷир Ҳасанов, раиси маҳаллаи рустои Пахтаободи ноҳияи Хуросон ва чанд тан аз сокинони ин минтақа, Абдулҳаким Таубов ҳангоми фаро расидани ҷашни Соли нави мелодӣ ва Наврӯз иддао кардааст, ки ин ойинҳо бидъат аст.

Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон, Таубов ҳамчунин ҳангоми насби акси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар хонаи кумитаи маҳалла ба тамасхур гуфтааст, ки акнун бояд ба ҷойи қибла ба самти ин акс намоз бигузоранд.

Ин дар ҳолест, ки Абдулҳаким Таубов иттиҳомотро рад карда ва ҳозир ба маъзаратхоҳӣ низ нашудааст.

240 нафар аз ақвом ва бастагони Абдулҳаким таубов ба ҳамроҳи вакили мудофеи ӯ бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо беасос хондани ҳукми додгоҳи вай, хостори кумак ба баррасии ин моҷаро шудаанд.

Онон мегӯянд, Занҷир Ҳасанов, раиси маҳаллаи рустои Пахтаободи ноҳияи Хуросон аз рӯйи интиқом ва кинаи шахсӣ бо хонаводаи Абдулҳаким Таубов ва тӯҳмат задан ба вай, ин додгоҳро ташкил кардааст.