Боздошти раиси додгоҳ ва корманди полис ба иттиҳоми дарёфти ришва дар Тоҷикистон
Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон тайи ду амалиёти ҷудогона раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ, дар вилоят Суғд ва як корманди идораи пулиси ноҳияи Турсунзода, дар маркази ин кишварро ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт карданд.
Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Икром Ҷумъазода, раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ аз як ронанда, ки бояд бо ҳукми додгоҳ аз доштани гувоҳиномаи ронандагӣ маҳрум мешуд, дар баробари содир накардани ин ҳукм аз вай 800 доллар ришва талаб кардааст.
Ин раиси додгоҳ дар марҳалаи нахуст 500 доллар аз ин ронанда дарёфт карда буд ва дар иқдоми баъдӣ ҳангоми гирифтани 300 доллари боқимонда, аз сӯйи кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон боздошт шуд.
Аз сӯйи дигар, кормандони ин ниҳод Саъдӣ Маликов, корманди идораи полиси ноҳияи Турсунзода, дар маркази Тоҷикистонро ба иттиҳоми дарёфти 4 ҳазор сомонӣ ришва аз фарде, ки бародараш таҳти бозҷӯӣ будааст, боздошт кардаанд. Ин корманди полис ба бародари фарди боздоштшуда ваъда дода буд, ки бо пардохти 4 ҳазор сомонӣ метавонад бародарашро озод кунад.
Акнун алайҳи раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ ва корманди идораи пулиси ноҳияи Турсунзода ба иттиҳоми дарёфти ришва парвандаи ҷиноӣ ташкил ва бозҷӯии онон оғоз шудааст.