Истифода аз таркиби “душмани миллат” дар расонаҳои Тоҷикистон
Ҷустуҷӯгари шабакаи Google аз 112 ҳазор мавриди истифодаи таркиби “душмани миллат” дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон гузориш дод.
Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, агар таркиби “душмани миллат” - ро вориди ҷустуҷӯгари шабакаи Google намоед, 112 ҳазор мавриди истифода аз он дар навиштаҳои матбуот ва расоҳонаҳои хабарии Тоҷикистон пайдо мешавад.
Тайи се соли ахир ва пас аз ҳодисаи шӯриши генерали Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 ва мамнуияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, таркиби "душмани миллат" ба таври густарда дар радио ва телевизион, хабаргузориҳо, сомонаҳои интернетӣ, суханрониҳои мақомот дар Тоҷикистон маврид истифода қарор мегирад.
Нуктаи қобили мулоҳиза ин ки ҳомиёни ҳукумат дар дохил ва мухолифони онон дар хориҷ аз Тоҷикистон, аз таркиби “душмани миллат”, "хоин", "ватанфурӯш" ва "муздури хоҷагони хориҷӣ" алайҳи якдигар истифода мекунанд.
Аммо Марат Муҳаммадшоев, таҳлилгари тоҷик муътақид аст, ин таркиб ва вожаҳо мероси даврони ҳукумати Шӯравӣ аст ва бояд аз истифода аз ин калимот худдорӣ кард.
Зеро ин вожаҳо дигар маънии сиёсии даврони Шӯравиро аз даст додаанд ва набояд алайҳи якдигар истифода шаванд. Ба ин далел, ки таркиби “муздурони хориҷӣ” аслан маънӣ надорад.
- Агар манзур аз истифода аз ин таркиб, созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, ки ҳукумат дар қиболи онон аз ин таркиб истифода мекунад ва муддаӣ аст аз хориҷи кишвар ваҷҳи молӣ дарёфт мекунанд, ниҳодҳои давлатӣ низ аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ кумакҳои ройгон дарёфт мекунанд ва ворид кардани иттиҳоми “хидмат ба бегонагон” маънии худро аз даст медиҳад.