Таъкид бар коҳиши ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38578-Таъкид_бар_коҳиши_ҳазинаи_судури_шиносномаи_хориҷӣ_дар_Тоҷикистон
Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати коҳиши ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони ин кишвар таъкид кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Октябр 07, 2018 09:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар коҳиши ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон

Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати коҳиши ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, Сайфулло Сафаров муовини раиси Маркази пажӯҳшҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтоёни узбакистонии худ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, пас аз иҷрои созишномаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди тоҷикистониҳо ба Узбакистон аз моҳи марти имсол тақозо барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар дохили Тоҷикистон ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Ин пешниҳоди Сафаров дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар Тоҷикстон ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ аз ҳамаи кишварҳои узви ИДМ гаронтар аст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз лиҳози саронаи даромади шаҳрвандон поинтарин рутбаро дар миёни ин кишварҳо дорад.

Баҳои дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар муддати ду ҳфта дар Тоҷикистон 90 доллар ва дар Қазоқистон 60 доллар аст.

Ҳамчунин дар Узбакистон, ки муддати дарёфти шиносномаи хориҷӣ тӯлонитар аст, ҳазинаи ин хадамот 20 доллар ва дар Қирғизистон 10 доллар эълом шудааст.