Коршинос: Коҳиши рушди ҷамъият дар Тоҷикистон зарурӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38598-Коршинос_Коҳиши_рушди_ҷамъият_дар_Тоҷикистон_зарурӣ_аст
Мудири пажуҳишгоҳи хатароти омилҳои бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоии вобаста ба мадрасаи олии иқтисодии Русия муътақид аст, ки коҳиши рушди ҷамъият барои ояндаи Тоҷикистон амре иҷтинобнопазир аст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2018 06:52 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Коҳиши рушди ҷамъият дар Тоҷикистон зарурӣ аст

Мудири пажуҳишгоҳи хатароти омилҳои бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоии вобаста ба мадрасаи олии иқтисодии Русия муътақид аст, ки коҳиши рушди ҷамъият барои ояндаи Тоҷикистон амре иҷтинобнопазир аст.  

Ба нақл аз Спутник, Андрей Картаев бо ишора ба гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ дар бораи хатари рушди сареи ҷамъияти Тоҷикистон гуфт: Бо идомаи ин авзоъ ҳукумати Тоҷикистон аз тавони кам кардан аз фақр ва эҷоди ҷои кори муносиб барои насли ҷавони хеш бархурдор нахоҳад шуд.

Тозатарин гузориши Бонки ҷаҳонӣ рушди сареи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки мутаносиб бо барномаи эҷоди иштиғол дар ин кишвар нест, бомбаи соатӣ ва шамшери дулаба хондааст.  

Вай муътақид аст, ки ҷамъияти ҷавони ва рӯ ба афзоиши Тоҷикистон дар сурати барномарезии илмӣ ва саҳеҳ, метавонад муҷиби рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар шавад, вале ба далели равшан набудани мавзуи иштиғолзоӣ дар оянда, ин омил ба таҳдиде барои амнияти Тоҷикистон табдил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин пажуҳишгари рус, дар Тоҷикистон барномаи давлатии иштиғолзоӣ маҳдуд аст ва бахши хусусии ин кишвар низ ҳануз аз рушди матлуб бархурдор нест, ки битавонад барои ҷавонони тоҷик заминаи корро фароҳам созад ва ин дар ҳоле аст, ки як севум аз ҷамъияти 9 миллиону 118 ҳазор нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам мубҳам ва норавшан аст.

Рушди ҷамъият солона дар Тоҷикистон 200 ҳазор нафар аст.