Октябр 09, 2018 11:35 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори нахустин бонки исломии Тоҷикистон дар соли 2019

Чаҳор сол пас аз тасвиби Қонуни бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, акнун мушаххас шудааст, ки “Соҳибкорбонк” ин масъулиятро бар дӯш хоҳад гирифт.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, масъулони нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ ин бонк аз авоили соли 2019 фаъолияти худро оғоз хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин мақомот, дар нахустин бонки исломии Тоҷикистон дарёфти маблағе ба унвони ҳаққи хадамот ё кормузд дар муомилоти молӣ бо муштариён мадди назар аст.

Сомонаи “ТОП Тҷ”, ин пурсишро матраҳ кардааст, ки дар ҳоле, ки ба далели буҳрони молӣ ва нотавонии бонкҳо дар пардохти маблағҳои муштариён эътимод ба бонкҳои Тоҷикистон коста шудааст, дар ин шароит бонки исломӣ чӣ гуна эътимоди муштариёнро ба даст хоҳад овард ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар шариати Ислом ҳар навъ суди бонкӣ ҳаром аст, ин бонк аз чӣ роҳе касби даромад хоҳад кард?

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, барои парҳез аз дарёфти суд аз қарзҳои вогузоршуда ба мардум, даромади мавриди назари бонки исломӣ ба қимати амвол ва маҳсулот изофа мешавад.

Ин яъне муштариён бо воме, ки аз бонки исломӣ дарёфт мекунанд, мошин ё таҷҳизоти дигар бидуни суд харидорӣ мекунанд, аммо дар ин муомила даромади мавриди назари бонки исломӣ ба қимати коло изофа мешавад, ки ба ин сурат ҳам муқаррароти шариати Ислом муроот ва ҳам манофеи қарздиҳанда таъмин мегардад.