Октябр 09, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Бориши нахустин барфи тирамоҳии имсол дар Тоҷикистон

Рӯзи ҳаштуми октябр дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Суғд барфи аввали тирамоҳи имсол борид.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, шоҳидон гуфтанд, бориши барф дар тӯли шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ва дар дигар манотиқи кӯҳистонии Зарафшон соати 7 – и субҳи ҳаштуми октябр оғоз ёфта, дар як соат замин ва шохаҳои дарахтонро сафедпӯш кард.

Дар бархе ҷойҳо баландии барф то ба 20 сантиметр расидааст.

Яке аз хонандагони сомонаи “Ахбор” субҳи ҳаштуми октябр аз бориши барф дар тӯли шоҳроҳи Душанбе - Хуҷандро ба навор гирифта ва барои ин сомона фиристодааст.

Ҳамчунин як хонандаи дигари “Ахбор” аз ҷамоати Амондараи Панҷакент бо ирсоли як акс аз дарахтони зери барф, хабар дод, ки дар ин минтақа аз нимаи шаб бориши барф оғоз шудааст.