Коҳиши арзиши рубл дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38627-Коҳиши_арзиши_рубл_дар_Тоҷикистон
Арзиши рубл дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз 0.1435 сомонӣ болотар рафта буд, дар оғози ҳафтаи ҷадид пойин омадааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши рубл дар Тоҷикистон

Арзиши рубл дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз 0.1435 сомонӣ болотар рафта буд, дар оғози ҳафтаи ҷадид пойин омадааст.

Ба гузориши “Спутник”, Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, имрӯз, нуҳуми октябр арзиши миёнгини фурӯши 1000 рубл дар бозори нақди ин кишвар 140.6 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳафтаи гузашта ду сомонӣ пойин омадааст.

Ҳамчунин бинобар эъломи Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши миёнгини фурӯши як доллар аз 9.4227 то 9.4300 сомонӣ, як евро аз 10.8091 то 10.8300 сомонӣ ва як рубл русӣ 0.1406 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барои муомилот дар бозори ғайрнақдӣ Бонки миллӣ арзиши як долларро 9.4230 сомонӣ, як евроро 10.8091 сомонӣ ва як рубли русиро 0.1406 сомонӣ муайян кардааст.