Ихтилофи ҷадид дар Ҳизби демократи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38645-Ихтилофи_ҷадид_дар_Ҳизби_демократи_Тоҷикистон
Яке аз муовинони раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ба иддаои расонаҳо аз ин ҳизб ихроҷ шуда буд, бо радди ин мавзуъ, иллати ҷудоии хешро камтаҳаррукии ин гурӯҳи сиёсӣ ном бурдааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 10, 2018 07:40 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи ҷадид дар Ҳизби демократи Тоҷикистон

Яке аз муовинони раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ба иддаои расонаҳо аз ин ҳизб ихроҷ шуда буд, бо радди ин мавзуъ, иллати ҷудоии хешро камтаҳаррукии ин гурӯҳи сиёсӣ ном бурдааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Аҳмадшоҳ Комилзода гуфтааст, ки дар эътироз ба фаъол набудани Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ин кишвар, ҷудоии худро аз ин ҳизб эълом кардааст ва аз мавзӯи ихтилофоти дохилии ин гурӯҳ иттилое надорад.

Вай муътақид аст, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар бораи таҳаввулоти сиёсии ин кишвар мавзеъгирӣ намекунад ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст додааст.

Қаблан манобее аз Ҳизби демократи Тоҷикистон муддаӣ шуда буданд, ки Аҳмадшоҳ Комилзода ба иттиҳоми талош барои барканории Сайидҷаъфар Исмонзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар аз ин гурӯҳи сиёсӣ ихроҷ шудааст.

Ба гузориши ин манобеъ, Ҳикматуллоҳ Саидиён, муовини дигари раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ ба иттиҳоми мушобеҳ аз симаташ барканор ва аз ин ҳизб ихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Сайидҷаъфар Исмонзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мегӯяд, ки ду муовини вай ба иллати ширкат накардан дар фаъолияти Шӯрои сиёсии ин ҳизб барканор шудаанд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 1990 таъсис шуда ва дар ин 28 сол борҳо ба далели ихтилофоти дохилӣ дучори чанд ҷиноҳ ва тафриқа шудааст.