Аҳолии як деҳа дар Тоҷикистон аз шарри “бузашон" халос шуданд
Пофишории аҳолии деҳаи Абдуллоҳ Давлатов, дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон барои бардоштани муҷассамаи буз аз ин деҳа, пас аз ду сол натиҷа дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Настояшее Время” –и Русия, саранҷом мақомоти ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон пас аз муддатҳо пайгирӣ ва талоши мардум ночор шуданд муҷассамаи бузро аз ин деҳа бардоранд.
Аз он ҷо ки шикори бузи кӯҳӣ аз манобеи аслии даромади мардуми рустои Абдуллоҳ Давлатов дар ноҳияи Муъминобод аст, мақомоти ин ноҳия аз ду соли пеш муҷассамаи як бузи кӯҳиро дар деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насб карда буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки мардуми тоҷик дар истилоҳи омиёна ашхоси “суханчин” ва “ҷосус” - ро буз мехонанд.
Ба ҳамин далел, сокинони деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насби муҷассамаи бузро дар ин русто тавҳин ба ҳайсияти худ талаққӣ карда ва муддатҳо аз мақомот мехостанд то ҳар чӣ зудтар ин тандисро бардоранд.
Сайидвалӣ Мирзоев, раиси Шӯрои деҳаи Абдуллоҳ Давлатов мегӯяд, мардуми ин деҳа нахостанд, ки муҷассама дар ҳудуди деҳа боқӣ бимонад, зеро рустоёни дигар манотиқ аҳолии деҳаи Абдуллоҳ Давлатовро ба хотири ин муҷассама масхара мекарданд, ки ин мавзуъ ба мардум хуш намеомад.
Дар солҳои ахир насби тандиси анвои ҳайвонот дар Тоҷикистон роиҷ шудааст.
Моҳи пеш низ ба муносибати истиқбол аз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, ба унвони намоди равобити тиҷорӣ ва сайру сафар тандиси корвони шутур насб шуд.