Октябр 13, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Як зани тоҷик дар Ироқ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ҷиноии Бағдод як зани тоҷикистониро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи такфирии террористии ДИИШ ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Таманно Каримова ба ҳамроҳи шавҳараш, ки узви гурӯҳи террористии ДИИШ будааст, ба Ироқ омада ва пас аз кушта шудани вай боздошт шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ин зани тоҷик дар соли 2014 ба ҳамроҳи шавҳараш барои кор ба Русия рафта ва пас аз муддате иртиботи ӯ бо волидайнаш қатъ шудааст.

 Додгоҳи ҷиноии Бағдод чанде қабл 9 зани тоҷикро, ки шавҳарони онон узви гурӯҳи террористии ДИИШ буданд, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки 24 кӯдак аз ин занон дар парваришгоҳи Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд ва талош бар ин аст, ки ин кӯдакон ба Тоҷикистон мунтақил ва ба бастагонашон таҳвил дода шаванд.

Мақомоти қазоии Ироқ муътақиданд, ки ин занони тоҷик, ки ҳамсаронашон узви гурӯҳи террористии ДИИШ будаанд, бо нақзи қонунҳои Ироқ ва убури ғайриқонунӣ аз марз, вориди ин кишвар шудаанд ва ҳеч тахфифе дар ҳукми онон дода нахоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише ба идораи умури муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, 234 хонаводаи тоҷикистонӣ дар манотиқи ҷангӣ дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд, ки шомили 840 нафар ҳастанд.