Октябр 15, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қатар дар Давҳа

Дар ҳошияи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар Давҳа мулоқотҳои вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сарвазир Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ва вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар Шайх Аҳмад бин Ҷосим бин Муҳаммад Оли Сонӣ, баргузор шуданд.

Ба нақл аз Форс, Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчунин бо Шайх Аҳмад бин Ҷосим бин Муҳаммад Оли Сонӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ ва Раиси Шӯрои мудирони минтақаҳои озоди иқтисодии Қатар Аҳмад Муҳаммад ал-Сайид дидор намуд.

Дар рафти мулоқотҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фаъолиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.