Боқӣ мондани беш аз 80 дарсади силоҳҳо дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар Бадахшон
(last modified 2018-10-21T16:03:03+00:00 )
Октябр 21, 2018 21:03 Asia/Dushanbe
  • Боқӣ мондани беш аз 80 дарсади силоҳҳо дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар Бадахшон

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки масъули гузарондани амалиёт алайҳи гуруҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ таъин шудааст, изҳор дошт, ки то ҳол ин гуруҳҳо ҳамагӣ 10-15 дарсади силоҳашонро супоридаанд.

Ба нақл аз Спутник, Ятимов дар мулоқот бо фаъолон ва масъулини ВМКБ гуфт, дар Хоруғ 6 гуруҳи ҷиноятӣ ҳукм меронанд.

Ятимов таъкид намуд, ки гуруҳҳои Хоруғ ба меъёре, ки қонун нисбати иттиҳодияҳои ҷиноятӣ муайян кардааст, мувофиқ мебошанд.

Ин шаш гуруҳ роҳбар дорад, таъмингар дорад, муҳофиз доранд, иҷрокунандаи амали ҷиноятӣ доранд, тақсимкунандаи яроқу аслиҳа доранд, дар хонаҳои саркардаҳои гуруҳҳои муташаккил, тарабхона ва ҷойҳои муайян ҷамъ мешаванд, ба якдигар тарзҳои гуногуни алоқа муайян кардаанд. Супоришҳои ҷинояткорона мегиранд, аз пайи иҷрои онҳо мешаванд”, - изҳор дошт раиси КДАМ.

Раиси КДАМ афзуд, маҳз тавассути мавҷудияти ҳамин гуна гуруҳҳои муташаккил дар шаҳри Хоруғ, фазои носолими қонунвайронкунӣ ва одамбадбинӣ аз ҷониби гуруҳе аз ҷавонон, ки ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хос нест, ба чашм мерасад.

Гуруҳҳои ҷиноӣ кӯшиш мекунанд, Тоҷикистонро ба маҳалҳо ҷудо кунанд ва худро ғамгусори мардуми Бадахшон нишон доданӣ мешаванд”, - изҳор дошт Ятимов.

Ятимов изҳор дошт, ки таъмини тартибот ва талабот дар маҳаллаҳои Хоруғ пурзӯр карда мешавад, ки ба гуфтаи ӯ ин ба роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ хуш нест, чун тартибот ба фаъолияти ҷинояткоронаи онҳо созгор нест.

 Он чӣ ки моро то 15 октябр ором сохт, супоридани яроқу аслиҳа буд. Инҳо мардуми Хоруғро ба таҳлука андохтанд, ки ҳозир амалиёт мешавад, ана амалиёт мешавад. Салоҳият ва масъалаи гузарондани амалиёт зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба дӯши раиси КДАМ гузошта шуд. Гузарондан, соати чанд ва муқобили кӣ? Ба муқобили аҳолӣ ягон хел амалиёт гузарондан намешавад, лекин дар зери нишони КДАМ, ВКД тамоми 6 гуруҳи ҷиноятиянд, ки ном ба ном ҳастанд”, - таъкид намуд Ятимов.