Талошҳо барои ҳифзи паланги барфӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи аккосӣ бо номи “Ба дунболи радди пойи паланги барфӣ” доир аст.
Ба гузориши “СА – нюс”, ин намоишгоҳ бахше аз барномаҳои омӯзишӣ ва фарҳангии вижаи рӯзи ҷаҳонии Паланги барфӣ аст, ки рӯзи 23 октябр таҷлил мешавад.
Татяна Новикова, ҳамоҳангкунандаи барномаи “Ҳифзи паланги барфӣ ва тасбити рушди саломати сокинони маҳаллӣ” дар заминаи баргузории намоишгоҳи аккосии “Ба дунболи радди пойи паланги барфӣ” гуфтааст, ин барнома нақшаи роҳ барои онҳое аст, ки мехоҳанд дар бораи паланги барфӣ огоҳӣ дошта бошанд.
Ба гуфтаи хонум Новикова, ҳадафи аслӣ аз ин иқдомот ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва ба вижа ҷавонон ба масъалаи инқирози насли ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон аст.
Тибқи оморҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон аз 250 то 400 паланги барфӣ боқӣ мондааст.