Ноябр 01, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 40 пизишки қонуншикан муҷозот шудаанд

Тайи 10 моҳи имсол дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон беш аз 40 корманди бахши беҳдошт ва дармон ба далели қонуншиканиҳои вобаста ба касбашон муҷозот шудаанд.

Ба гузориши “Спутник”, Сайид Давлатзода, муовини идораи хадамоти назорат бар фаъолияти низоми пизишкии Тоҷикистон тайи нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки умдаи тахаллуфоти ин афрод ташхиси нодурусти маризӣ ва таҷвизи иштибоҳии дору мебошад.

Аз дидгоҳи вай, иллати вуқӯи ҳаводиси ногувор дар пайи ташхиси нодурусти маризӣ ва таҷвизи иштибоҳии доруҳои зиёнбор барои маризон саҳлангории пизишкон мебошад, ки ҷони мардумро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ карда ва афроди муттаҳам дар ин маворид муҷозот шудаанд. Ин мақоми давлатӣ гуфтааст, ки тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз127 ҳазор кило доруҳои таърихи масрафаш гузашта, хӯроки бидуни кайфияти кӯдак ва маводи ороишии ғайристандарт кашф ва нобуд карда шудааст.

Сайид Давлатзода таъкид кардааст, ки тайи 2 соли оянда тамоми озмоишгоҳҳои пизишкии Тоҷикистон бозсозӣ мешаванд ва таҷҳизоти ҷадид дар ин марокиз насб хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ эълом кардааст, дар Тоҷикистон ба муддати 1 моҳ аз 16 ноябр то 16 декабри соли ҷорӣ давраҳои омӯзиши таҷвизи дурусти доруро баргузор хоҳад кард.