Ҳаводиси сентябри соли 2015 дар гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ (2)
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39245-Ҳаводиси_сентябри_соли_2015_дар_гуфтугӯ_бо_Муҳиддин_Кабирӣ_(2)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон Эронро ба бетаваҷҷуҳе нисбат ба Созишномаи сулҳ тоҷикон муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 05, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳаводиси сентябри соли 2015 дар гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ (2)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон Эронро ба бетаваҷҷуҳе нисбат ба Созишномаи сулҳ тоҷикон муттаҳам кард.

Муҳиддин Кабирӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузори эронии "Тасним" бо ишора ба раванди таътили Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон афзуд, ҳамзамон бо иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон барои бастани ҳизб дар моҳи июли соли 2015 номае ба Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони кишварҳое чун Русия ва Эрон ирсол кардем ,то пеши роҳи аҳдшикании ҳукумат гирифта шавад. Раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, сукути Эрон ба унвони кафили сулҳ ва пуштибони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар солҳои музокироти сулҳ ҷуръати ҳукуматро бештар кард. Кабирӣ гуфт, “Раҳмон аз Эрон шикоят дорад, ки аз мо пуштибонӣ мекунад, аммо шикояти мо ҳам камтар нест, зеро Эрон аз созишнома пуштибонӣ накард ва мутаассифона, имрӯз ҳам дар ин мавзӯъ ҳамчун кишвари кафили сулҳ коре намекунад.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик бо баёни ин ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар солҳои пас аз сулҳ сиёсати сабр дар пеш гирифта буд, афзуд: “Ин сиёсат на танҳо руқабои мо, балки бархе дӯстони моро ҳам ба хашм оварда буд ва ҳатто боиси тамасхуру истеҳзо ҳам шуда буд. Имрӯз ҳам интиқод мекунанд, ки мо бо сабри худ мехостем ба ҳукумат баҳона ва далел надиҳем, вале ин кор натиҷае надошт”. Кабирӣ гуфт: “Ба назари мунтақидони ин сиёсат сабр натавонист монеи бастани ҳизб шавад ва он чизе, ки барои пешгирӣ аз он сабр мекардем, ба сари мо омад, аммо далели аслии сабри мо ва умуман, сиёсатҳои мо пас аз имзои созишнома роҳ надодан ба ҷанги шаҳрванди дигаре буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст”. Ӯ афзуд, тибқи Созишномаи сулҳ, бояд вазири дифоъ аз мухолифон таъйин мешуд ва ин дар асноди тавофуқшуда ба сурати ошкор навишта шудааст ва агар касе шак дорад, асноди сулҳ ва қарорҳои Комиссияи Оштии Миллиро варақ бизанад. Аммо ҳукумат якбора бар хилофи тавофуқот аз иҷрои он даст кашид ва ин оғоз аҳдшиканӣ пас аз имзои Созишномаи сулҳ буд.

Кабирӣ гуфт, дар он шароит раҳбарияти мухолифон чорае ҷуз сабру ақибнишинӣ надошт, чун воқеан, хатари ҷанги ҷадиде ҳис мешуд. Дар 3 соли кори Комиссияи Оштии Миллӣ борҳо шоҳиди чунин ҳолатҳои будаем, ки гузашт накардан ба маънии ҷанги ҷадид буд.

Раис Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон муддаӣ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон гом ба гом барои бастани Ҳизби наҳзат талош кард. Кабирӣ афзуд, ҳудуди як соли охир дафотири ҳизбро дар аксари манотиқ бастанд, беҳтарин фаъолони онҳоро ба зиндон андохтанд ва ниҳоятан интихобот парлумониро ба он сурат баргузор карданд.

Ӯ аз мулоқот дунафарат худ бо Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 рӯз баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 хабар дод ва гуфт: “Дар ин мулоқоти тӯлоне, ки як ҳафта қабл аз хурӯҷам аз кишвар сурат гирифт, талош кардам, масъулони аввали амнияти миллии Тоҷикистонро қонеъ кунам, ки саркӯби мухолифон, бастан ҳизб ва умуман, сиёсатҳое, ки давлат дар солҳои ахир дар пеш гирифтааст, ба нафъи миллату давлат нест ва пеш аз ҳама амнияти миллиро зери суол мебарад. Борҳо талош кардам, маҷрои гуфтугӯро аз баҳси як афсари амниятӣ ва сиёсатмадори мухолиф берун оварам ва бештар ҳамчун ду сиёсатшинос сӯҳбат кунем, зеро ҳарду тараф иддаои миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ доштем. Дар айни ҳол, Ятимов ҳам талош мекард, маро мутақоид кунад, ки манфиати милли мо дар ҳамин корҳост ва агар миллат ва Ватанро дӯст медорем, бояд онро бипазирем”.

Кабирӣ ёдовар шуд, ки тавофуқ кардем, як моҳ пас аз бозгашти ман аз сафар гуфтугӯро идома диҳем, то роҳҳале пайдо кунем, аммо ду ҳафта пас аз сафарам додситони кулл эълом кард, ки бо як иттиҳоми иқтисодӣ марбут ба соли 1999 алайҳи ман парванда ҷиноӣ гушуда шудааст. Вай таъкид кард, дар ин шароит тасмимгири душвор буд, чун агар бармегаштам, монанди Зайд Саидов зиндони мешудам ва агар барнамегаштам, раванди бастани ҳизб осонтар мешуд, чун раҳбараш дар хориҷ буд, аз ин рӯ, мавзӯъ бо Шӯрои сиёсии ҳизб матраҳ ва тасмим бар он шуд, ки ман ба кишвар бознигардам