Иллати аҷиби барканории мудири бузургтарин бемористони Тоҷикистон
Мудири бемористони Қаряи Боло бузургтарин маркази дармонии Тоҷикистон ба далели фишор бар пизишкони зердасташ барои хариди 40 тон семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ бо шикояти кормандон аз симати хеш барканор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, Нурхон Ҳаётзода бар асоси шикояти кормандони ин бемористон, ки маҷбур ба таҳияи 40 тон семент, чӯб, гач, тахта, дар ва панҷара, ранг ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои ин маркази дармонӣ шуда буданд, аз симаташ барканор шудааст.
Ба гуфтаи манобеи ин бемористон акнун мудири пешини маркази дармонии ноҳияи Данғара ҷонишини Ҳаётзода дар симати мудирияти бемористони Қаряи Боло шудааст.
Гурӯҳе аз пизишкон бо ирсоли шикоятнома ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва интишори ин матлаб дар шабакаи Фейсбук таъкид карда буданд, ки барои кор дар бемористони Қаряи Боло маоши ночиз дарёфт мекунанд, аммо Нурхон Ҳаётзода аз онон дархост мекунад, ки аз ҳисоби хеш барои тармими ин маркази дармонӣ масолеҳи сохтмонӣ таҳия кунанд, ки дар натиҷа онон маҷбур мешаванд аз фурӯшандагони ин масолеҳ қарз бигиранд.
Аз нигоҳи пизишкони шокӣ ин навъи равиши мудириятӣ кормандони бемористонро водор мекунад, ки аз беморон ришва дарёфт кунанд, то хостаи афроде назири Ҳаётзода бароварда шавад.
Бар асоси гузориши Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бахши тандурустӣ яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои ин ҷумҳурӣ ба ҳисоб меояд.