Ноябр 06, 2018 12:58 Asia/Dushanbe
  • Шашуми ноябр рӯзи ҷашни Сарқонун дар Тоҷикистон

Имрӯз 6 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Сарқонун (Конститутсия) ҷашн гирифта мешавад, ки тибқи қонуни кишвар дар бораи "Рӯзҳои ид" рӯзи истироҳат ва таътил аст.

Ба гузориши Спутник, имрӯз ба муносибати бистучаҳорумин солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар доираи барномаҳои фарҳангӣ дар пойтахт бо унвони Сарқонун – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллиӣ" конфронси илмӣ-назарӣ баргузор хоҳад шуд.

Барои баргузории конфронси мазкур аз ҳисоби сандуқи захираи раиси пойтахт ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Сарқонуни Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ баргузор ва барои барандагони ин озмун ҳадяҳои арзандае тақдим мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як пайёми телевизионӣ мардуми кишварашро ба муносибати рӯзи Сарқонун табрик гуфт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайёми худ  таъкид намудааст, ки пазириши Сарқонун  нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони кишвар нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардидааст.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи ҳамапурсӣ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.