Ноябр 12, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши куштаҳои шӯриши зиндони Хуҷанди Тоҷикистон

Бархе манобеи маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ эълом карданд, ки теъдоди куштаҳои шӯриши зиндони Хуҷанди Тоҷикистон аз 25 нафар ба 50 тан расидааст.

Ба гузориши сойти АКИ ПРЕСС, пеш аз ин гузоришҳое дар бораи кушта шудани 25 нафар ва захмӣ шудани 100 зиндонӣ дар пайи ин ҳодиса ба даст омада буд.

Ҳамчунин ду тан аз нирӯҳои Горди амниятии зиндони Хуҷанд низ дар ин шӯриш кушта шудаанд.

Интизор меравад ба зудӣд Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, додситони вилояти Суғди Тоҷикистон бо ҳузур дар конфронси хабарӣ ба ҷузиёти ин шӯриши хунин бипардозад.

Як манбаъ дар созмонҳои иҷроии қонун гуфт, ду нафар аз коркунони зиндон, яке аз зиндонёнро ба бараҳна шудан ва чандин соат истодан зери борон маҷбӯр мекунанд, ки ин иқдом мунҷар ба шӯриш дар зиндон мешавад.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, шӯриши зиндони Хуҷанд дар таърихи ҳафти ноябр бо ҳамла яке аз зиндониён ба Горди амниятӣ ва куштани вай рух дод.

Ба гуфтаи яке аз мақомоти Вазорати додгустарии Тоҷикистон, зиндони Хуҷанд дорои 800 зиндонӣ аст, ки пеш аз ин тарҳи интиқоли 50 тан аз ин зиндониён гирифта шуда буд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ тайи баёнияе, масъулияти оғози шӯриши зиндони Хуҷандро ба ӯҳда гирифтааст.