Ноябр 15, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Омилони даргирии хунин бо коргарони тоҷик дар гуристони Хованское маҳкум шуданд

Додгоҳи шаҳри Маскав теъдоде аз созмондиҳандагони даргирии хунин дар гуристони Хованское, дар пойтахти Русияро, ки коргарони муҳоҷири тоҷик як тарафи ин қазия ва шикояткунандаи парванда буданд, ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории русии “Интерфакс”, бар асоси ҳукми ин додгоҳ Юрий Чабуев, мудири тозамансубшудаи ин гӯристон, ки дар моҳи майи соли 2016 тарҳи ин даргириро барои ихроҷи коргарони тоҷик таҳия ва амалӣ карда буд, ба 11 соли зиндон бо низоми сахт маҳкум шуд.

Додгоҳ Чабуев ва се ҳамдасташро дар моҷарои ҳамла бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз ин макон, ки бо ҳамкории гурӯҳҳои мафияӣ анҷом шуд, муттаҳам шинохт. Дар ин даргирӣ се коргари муҳоҷири тоҷик кушта ва беш аз 30 нафари онон захмӣ шуданд.

Бар асоси ҳукми додгоҳи Маскав, муттаҳами радифи дувум Александр Бачарников, мудири як бошгоҳи варзишӣ низ ба 9 соли зиндон бо низоми сахт маҳкум шуд.

Бақияи шарикони мудири вақти гӯристони Хованское ба иттиҳоми мушорикат дар ин даргирии хунин аз севуним то 6 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ эълом кардааст, ки созмондиҳандагони даргирии хунин дар гӯристони Хованское аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ хоста буданд, аз 50 то 90 дарсад аз ҳуқуқи худро ба унвони боҷ ба мудирияти ин макон таҳвил диҳанд, ки ин иқдом бо муқовимати коргарони тоҷик рӯбарӯ ва муҷиби даргирӣ шуд.