Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39476-Афзоиши_қимати_орд_дар_Тоҷикистон
Қимати орди воридотӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 15, 2018 09:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон

Қимати орди воридотӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, дар охири ҳафтаи гузашта қимати як кисаи 50 килоии орди воридотӣ дар Тоҷикистон 10 сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар аввали ҳафта орди навъи яки воридотӣ аз Қазоқистон 175 сомонӣ арзиш дошт ва ҳамакнун баҳои як киса ба 185 сомонӣ (муодили 19.6 доллар ) афзоиш ёфт.

Дар ҳоле, ки дар давраи мушобеҳи соли гузашта қимати як киса орди навъи яки воридотии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба 165 сомонӣ баробар буд.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2018 –и мелодӣ бо тасвиби як қарор эълом кард, аз афзоиши қимати беш аз 20 дарсади маводи аввалияи зиндагӣ, ки ордро ҳам шомил мешавад, ҷилавгирӣ мекунад.

Давлати Тоҷикистон барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар дар сол бояд як миллиону 700 ҳазор тон гандум тавлид кунад, аммо Вазорати кишоварзии ин кишвар эълом кард, ки Тоҷикистон дар соли 2018 –и мелодӣ 545 ҳазору 642 тон гандум тавлид кардааст.

Дар солҳои гузашта Тоҷикистон дар баробари воридоти орд аз Қазоқистон, аз ин кишвар гандум низ ворид мекард, аммо имсол давлати Остона эълом кард, ки содироти гандум ба Тоҷикистонро қатъ хоҳад кард ва танҳо содироти орд ба ин кишварро иҷоза хоҳад дод.