Сентябр 11, 2016 20:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ширкат дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Хуҷанд ва баҳрабардорӣ аз тарҳҳои умронӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба вилояти Суғдро аз ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ оғоз кард.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, бо ширкати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар хатти интиқоли барқу оби ошомиданӣ дар шаҳраки Меҳрон ифтитоҳ ва як муҷтамаи маскунӣ ва бинои ҳукумати ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба баҳрабардорӣ расид.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти сиёсӣ, фаъолон ва мардуми ин минтақа мулоқот кард.

Қарор аст Раҳмон аз минтақаҳои дигари ин вилоят низ дидан кунад ва дар маросими 25 - умин Солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ҳузур ёбад.