Дар Тоҷикистон дастмузди мутавассити корӣ 14 дарсад афзоиш ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39581-Дар_Тоҷикистон_дастмузди_мутавассити_корӣ_14_дарсад_афзоиш_ёфт
Ҳаҷми дастмузди мутавассити кории Тоҷикистон ба як ҳазору 265 сомонӣ, ки муодили 134 доллар аст, расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 19, 2018 14:51 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон дастмузди мутавассити корӣ 14 дарсад афзоиш ёфт

Ҳаҷми дастмузди мутавассити кории Тоҷикистон ба як ҳазору 265 сомонӣ, ки муодили 134 доллар аст, расид.

Ба гузориши “Спутник”, бинобар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, саҳми дастмузди корӣ (бо дар назар гирифтан таваррум) дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август 12.5 дарсад боло рафта буд, ки ин рақам дар ҳоли ҳозир ба 14 дарсад расидааст.

Болотарин дастмузд ба кормандони бахши молӣ ихтисос дорад ва маоши онон 3 ҳазору 270 сомонӣ (347 доллар)-ро ташкил медиҳад. Дастмузди моҳонаи кормандони истихроҷи маъдан 2 ҳазору 534 сомонӣ ва муҳандисони сохтмон 2 ҳазору 382 сомонӣ аст. Дастмузди кории кормандони бахши муҳандисии барқ ва муҳандисии таъмини об низ ба 1 ҳазору 634 сомонӣ расидааст.

Дар Тоҷикистон камтарин дастмуздро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд. Онҳо моҳона 504 сомонӣ дастмузд дарёфт мекунанд.