Афзоиши қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39597-Афзоиши_қимати_билети_ҳавопаймоҳо_дар_Тоҷикистон
Қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 55 дарсад афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 20, 2018 11:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон

Қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 55 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба  гузориши Азия-плюс, афзоиши қимати билети ҳавопаймоҳо дар ҳоле аст, ки қимати анвои маҳсулот ва молҳои мавриди ниёзи аввалия низ рӯ ба рушд аст.

Ба ин тартиб қимати бензин 9,16 дарсад, дору 7,6 дарсад ва маводи шӯянда 9,4 дарсад афзоиш доштааст.

Маъмулан қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ду бор дар сол афзоиш меёбад, ки марбут ба оғози мусофирати муҳоҷирони кории тоҷик ба хориҷ, ба вижа Русия дар оғози фасли баҳор ва бозгашти онҳо дар фасли тирамоҳ аст.

Тибқи иттилои расмии Вазорати кор ва умури муҳоҷирати Тоҷикистон соли гузашта беш аз 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба манзури муҳоҷирати корӣ ба хориҷ сафар кардаанд.