Эъломи ҳукми ниҳоии парвандаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 21 Nov 2018 08:40:06 GMT )
Ноябр 21, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми ниҳоии парвандаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз Додгоҳи Олии Тоҷикистон аҳкоми муҷозоти муттаҳамон ба даст доштан дар амалиёти террористӣ зидди гардишгарони хориҷиро эълом кард.

Ба гузориши “СА – нюс”, бар асоси ҳукми додгоҳ Ҳусайн Абдусамадов, саркардаи гурӯҳи ҳамлаварон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ маҳкум ба ҳабси абад шуд.

Ду тан аз ҳамдастони Абдусамадов бо номҳои Кароматуллоҳ Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев низ 16 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Ин парванда маҷмӯан 16 муттаҳам дошт, ки ба ҷуз Абдусамадов, Ғаниев ва Сафоев, бақия бо муҷозотҳои кӯтоҳмуддат мувоҷеҳ шуданд.

Ҳукми муҷозоти Баҳриннисо Ҳайдарова низ ба далели доштани кӯдаки хурдсол мавқуф гузошта шудааст.

Дар ҳодисаи ҳамлаи рӯзи 29 –иуми июл ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон чаҳор шаҳрванд аз кишварҳои Швейтсария, Амрико ва Нидерландия кушта шуда ва ду нафари дигар аз Швейтсария ва Фаронса захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.