Мақоми охири Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернети телефони ҳамроҳ
(last modified Sat, 24 Nov 2018 07:51:06 GMT )
Ноябр 24, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
  • Мақоми охири Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернети телефони ҳамроҳ

Ширкати байналмилалии Speedtest Global Index бар асоси баррасии моҳи октябри худ дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ, Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи охир қарор дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, дар ин радабандӣ Тоҷикистон пас аз Афғонистон, Алҷазоир, Ироқ ва Ғано (Гана) дар мақоми 124 - и ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузоришҳои ширкатҳои эътиборсанҷии байналмилалӣ 33 дарсад аз ҷамъияти беш аз 9 миллионнафарии Тоҷикистон ба интернет ва 19 дарсад ба интернети телефони ҳамроҳ дастрасӣ доранд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо қарор гирифтан дар радаи 74 - и ҷаҳонӣ мавқеияти бартарро ба худ ихтисос додааст.

Дар радаи баъдӣ дар миёни кишварҳои ин минтақа аз нигоҳи суръати интернети телефони ҳамроҳ Қирғизистон қарор дорад, ки ҷойгоҳи 94 –и ҷаҳониро ба худ ихтисос додааст.

Коршиносон далели пойин будани суръати интернет дар Тоҷикистонро ба иқдомоти Хадамоти алоқаи ин кишвар муртабит медонанд, ки танҳо дар фикри афзоиши қимати хадамот ва муколимот аст.

Насби таҷҳизоти вижа ва таъсиси маркази воҳиди иртиботот низ боиси кунд шудани суръати интернет дар ин кишвар мегардад, зеро ин ниҳод бо таъсиси маркази воҳиди иртиботот тамоми муколимоти телефонии шаҳрвандони Тоҷикистонро шунуд мекунад ва бо масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва хабаргузориҳо аз дастрасии шаҳрвандони ин кишвар ба манобеи иттилоърасонӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти фурӯши интернетро дар Тоҷикистон инҳисорӣ карда, ки муғойир бо муқаррароти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ аст ва шикояти ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет низ ба ҷое нарасидааст.