Ноябр 28, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ба зудӣ раиси вилояти ВМКБ интихоб мешавад

Намояндагони Маҷлиси маҳаллии вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон, рӯзи 5 декабр раиси ин вилоятро интихоб хоҳанд кард.

Ба нақл аз Азияплюс, нишасти Маҷлими вилоятии Бадахшон 5 декабр доир хоҳад шуд, ки аслитарин ҳадафаш интихоби раиси нави вилоят аст.

Дар ҳоли ҳозир Ёдгор Файзов кафили раиси вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон аст, ки бар асоси дастури рӯзи 1 октябри Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикситон дар ин мақом фаолият мекунад.

Ба эҳтимоли зиёд Файзов дар рӯзи 5 декабр расман ба унвони раиси вилояти худмухтори куҳистони Бадахшон интихоб хоҳад шуд; чароки дар Тоҷикистони кунунӣ риволи корҳо ба гунае аст, ки ҳар фардеро, ки раиси ҷумҳурӣ ба мақоме мансуб кунад, намояндагони маҷлис ҳам ӯро бидуни чуну чаро интихоб мекунанд.

Баҳси интихоби раиси вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон дар ҳоле матраҳ аст, ки ин вилоят аз беш аз 2 моҳ аст, ки ба лиҳози амниятӣ ва ҳуқуқӣ хабарсоз будааст.

Ин раванд аз рӯзи 15-уми сентябр, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикситон хостори бархурд бо гуруҳҳои ғайрирасмии мусаллаҳ дар Бадахшон шуд, оғоз гардид.