Декабр 02, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи гузаргоҳи марзии ҷадид байни Тоҷикистон ва Афғонистон

Гузаргоҳи марзии ҷадиди Фазо дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон дар марзи Афғонистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ибтикори Дафтари мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Созмони милал дар Тоҷикистон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пеш аз ин низ бо кумаки ин ниҳоди байналмилалӣ, ҳафт гузаргоҳи марзӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Пешгирӣ аз убури ғайриқонунӣ аз марзҳо ва шиносоии қочоқчиён аз ҷумлаи вазифаҳои ин гузаргоҳҳо аст.

 

Барчасп