Декабр 05, 2018 10:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон яке аз мақомҳои амниятии ин кишварро боздошт карданд.

Сомонаи Фарғона, бо истинод ба манобеъ маҳаллӣ, иллати боздошти Шоир Юсуфов, раиси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиёни ин кишварро сӯйиистифода аз мансаб ва ва қаллобиву ришвахорӣ донистааст.

Бар пояи ин гузориш, Юсуфов аз як завҷи сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон бо ваъдаи ҳалли қисмате аз мушкилоти ҳуқуқии онҳо тақозои пардохти ду ҳазор доллар карда, ки ба ҳангоми дарёфти ин маблағ боздошт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Шоир Юсуфов дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҳбус аст. Вай 4 сол пеш ба мақоми раёсати шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён мансуб шуда буд.

Фасоди молӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон яке аз роиҷтарин анвои ҷурму ҷиноят дар ин кишвар аст.