Декабр 05, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Кумаки бебозгашти Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон

Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон эълом кард, ки ба далели боло будани хатарҳои иборат аз буҳрони қарзҳои хориҷӣ, ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт ироа хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Прадип Сривастава дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки Бонки Рушди Осиё ба тадриҷ дар 3 соли оянда 340 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки билоиваз (бебозгашт) хоҳад дод.

Мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон бар асоси муҳосиботи ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар соли 2019 аз марзи 3 миллиард доллар фаротар хоҳад рафт ва Душанбе барои бозпардохти қарзҳои худ бо мушкилоте ҳамроҳ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Прадип Сривастава ин кумаки молии билоиваз барои тавсеаи роҳҳо, иҷрои тарҳҳои энержӣ, ҳимоят аз фаъолияти бахши хусусӣ, маориф ва тандурустӣ, мудирияти манобеи об ва ислоҳот дар низоми бонкӣ ҷудо мешавад.

Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар 20 соли ҳамкории ин ниҳоди молӣ бо Душанбе як миллиарду 700 миллион доллар кумакҳои мухталиф дар қолаби қарзҳо ва кумакҳои билоиваз ба ин кишвар ироа шудааст.

Бо ин кумакҳои молӣ Тоҷикистон тавонистааст бо бозсозии роҳҳо, рушди бахши хусусӣ ва тавсеаи зерсохтҳои энержӣ ва тиҷорат бо кишварҳои минтақа, аз буҳрони эҷодшуда аз паёмадҳои ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990 хориҷ шавад.