Декабр 10, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши сафари гардишгарони рус ба Тоҷикистон

Беш аз 92 ҳазор гардишгари рус барои дидани ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон аз ибтидои имсол ба ин кишвар сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл як дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Ба гузориши сайти Спутник, маркази таҳлилии “Турстат”-и Русия эълом кардааст, ки Тоҷикистон акнун дар радифи кишварҳои ҷаззоб барои гардишгарони рус қарор гирифтааст.

Дар ин радабандӣ 62 кишвари ҷаҳон ба унвони мақсади сафари гардшгарони рус муаррифӣ шуда, ки Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 41 воқеъ шудааст.

Гуфта мешавад, ки бештари гардишгарони рус, кӯҳнавардӣ дар қулаҳои болои 7 ҳазорметрии “Истиқлол” ва “Исмоили Сомонӣ” дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистонро тарҷеҳ додаанд.

Кӯҳистонӣ будани қаламрави вилояти Бадахшон ин минтақаро аз зарфиятҳои фаровоне барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ, аз ҷумла русҳо, бархурдор кардааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон барои гардишгарон рус ҳадафи нахусти гардишгарӣ аст ва имсол 193 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия аз ин кишвар дидан кардаанд.

Дар ин муддат ҳамчунин 114 ҳазор гардшгари рус ба Узбакистон сафар кардаанд.

Давлати Тоҷикистон талош мекунад бо истифода аз имконоти табиӣ, гардишгарони хориҷии бештареро ба ин кишвар ҷалб кунад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номидааст.