Раҳбари пешини бошгоҳи ҳозирҷавобон ҷаримаи додгоҳро пардохт кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40144-Раҳбари_пешини_бошгоҳи_ҳозирҷавобон_ҷаримаи_додгоҳро_пардохт_кард
Рӯзноманигор ва раҳбари пешини бошгоҳи ҳозирҷавобон Тоҷикистон, бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Суғд 78 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кард, то аз иттиҳоми қаллобӣ ва додани шаҳодати дуруғ табраа шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 13, 2018 08:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари пешини бошгоҳи ҳозирҷавобон ҷаримаи додгоҳро пардохт кард

Рӯзноманигор ва раҳбари пешини бошгоҳи ҳозирҷавобон Тоҷикистон, бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Суғд 78 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кард, то аз иттиҳоми қаллобӣ ва додани шаҳодати дуруғ табраа шавад.

Ба нақл аз Toptj, ин додгоҳ бо бозбинии ҳукми 12 сол маҳкумияти зиндони Хайрулло Мирсаидов дар 12 августи соли ҷорӣ, вайро ба шарти пардохти 78 ҳазор сомонӣ ҷарима аз зиндон озод карда буд, ки инак заминаи табрааи комили вай фароҳам шудааст.  

Эътилофи зиддишиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ бо тайиди хабари пардохти ҷаримаи Хайрулло Мирсаидов эълом кардааст, ки вакили мудофеи вай акнун бо навиштани дархост, судури ҳукми табрааи комили рӯзноманигор ва раҳбари пешини бошгоҳи ҳозирҷавобон Тоҷикистонро талаб хоҳад кард.  

Мирсаидов декабри 2017 ба иттиҳоми қаллобӣ, ҷаъли аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки вай алайҳи Олим Зоҳидзода, раҳбари идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъиншуда барои бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуда буд.