Декабр 15, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти вилояти Суғд муҷаввизи баргузории таҷаммуъ ба бозориён надоданд

Мақомоти вилояти Суғд бо радди дархости ҷамъе аз бозориёни ноҳияи Ҷаббор Расулов барои баргузории таҷаммӯи эътирозӣ алайҳи раёсати ин ноҳия аз додани муҷаввиз ба ин афрод худдорӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар посухи катбӣ мақомоти вилояти Суғд ба дархости бозориёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки хостори баргузории таҷаммӯи эътирозӣ алайҳи Комил Саидзода, раиси ин ноҳия дар шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят шуда буданд, таъкид шудааст, ки то эъломи ҳукми додгоҳ дар мавриди бозори ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳар гуна таҷаммуъ дар ин замина ғайриқонунӣ аст.

Қаблан дар пайи боздошти шуморе аз касабаи бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иллати барномарезӣ барои таҷаммуъ алайҳи раёсати ин ноҳия ва дархости муҷаввизи барпоии чунин таҷаммӯе аз раиси вилояти Суғд, Суръат Орифов, ҳуқуқшиноси раёсати ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интишори номае таъкид карда буд, ки мавзӯи тахриби бозори қадимии ин минтақа ва норизоиятии бозориён аз интиқол ба маркази тиҷории ҷадид дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст ва то эъломи ҳукми марҷаи қазоӣ ҳар гуна таҷаммуъ дар ин замина ғайриқонунӣ аст.

Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд рӯз қабл аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хоста буданд, ки ба онҳо муҷаввиз бидиҳад дар эътироз ба худсариҳои Комил Саидзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бастани бозори марказии ин минтақа дар шаҳри Хуҷанд се рӯз таҷамуъ кунанд.

Дар пайи ин дархост, полиси маҳаллӣ тарроҳони ин иқдомро боздошт кард. Ин афрод ба бастани бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва интиқоли иҷбории касабаи он ба маркази тиҷории ҷадид, ки бародари раиси ноҳия молики он аст, муътариз ҳастанд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, баргузории таҷаммӯи эътирозӣ қонунӣ, аммо гирифтани иҷозатнома барои ин иқдом амалан ғайримумкин аст.

Тарҳи чунин дархосте бесобиқа буда ва дар ду даҳаи ахир ҳатто барои баргузории таҷаммӯоти маҳдуд низ муҷаввиз содир нашуда аст.