Мусодираи 2 тон маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 16 Dec 2018 04:43:04 GMT )
Декабр 16, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи 2 тон маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз мусодираи 2 тон маводи мухаддир дар ин кишвар дар моҳҳои май то ноябр хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, дар поёни амалиёти мавсум ба "Кукнор 2018" дар қаламрави Тоҷикистон 2 тон анвои маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

Дар чорчуби ин амалиёт беш аз 2 ҳазор адад қурсҳои равонгардон ва беш аз 1500 силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ низ ёфт мусодира шудааст.

Дар ҳамин замина зидди 261 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст ва шуморе аз ин афрод ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, анҷоми ин амалиёт сабаби шиносоӣ ва боздошти 795 нафар аз муттаҳамоне шуд, ки аз муддатҳо пеш дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштанд.