Декабр 17, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз номзадии Беларус барои дабири куллии СПАД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Станислав Зас дидор намуд.

Ба нақл аз Форс, дутараф дар робита ба фаъолияти самарабахши Созмон ҷонибҳо мавзӯи таъин гардидани номзадии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррассӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз дошт.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ таъкид гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон, мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд.