Саҳми ночизи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон эълом кард, истифода аз кортҳои бонкӣ барои муомилоти молӣ дар ин кишвар ночиз аст ва умдатан барои бардошти пул аз худпурдозҳо маҳдуд мешавад.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 15 ҳазор амалиёт бо истифода аз кортҳои бонкӣ анҷом шуда, ки 14,5 ҳазор мавриди он бардошти пул аз худпурдозҳо буда, танҳо 813 бор ҳазинаи хадамоти шаҳрӣ аз ин тариқ пардохт шудааст. Аз ин рӯ, мизони муомилоти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон дар ин муддат бо истифода аз кортҳои бонкӣ 4,9 дарсад аз маҷмӯи мавориди додугирифти ғайринақдиро ба худ ихтисос додааст.
Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди кортҳои дар дастраси мардум дар ин кишварро 1 миллиону 800 ҳазор адад эълом карда, ки мутааллиқ ба 1 миллиону 700 ҳазор нафаранд. Коршиносони ин бонк ночиз будани теъдоди кортҳои бонкиро иттилоъ надоштани мардум аз имтиёзоти ин кортҳо ва бартарии муомилоти ғайринақдӣ унвон мекунанд. Аммо иддаи дигаре аз коршиносон мегӯянд, ки далели ночиз будани мавориди истифода аз кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон набуди эътимод ба низоми бонкии ин кишвар аст, чаро ки мардум 4 сол аст, наметавонанд пулҳоеро, ки ба бонкҳо супурдаанд, бигиранд. Ҳамчунин теъдоде аз марокизи тиҷорӣ дар Тоҷикистон ба далели боло будани мизони молиёт дар ин кишвар ҷонибдори муомилоти ғайринақдӣ, ки дар дастгоҳҳои кортхон сабт мешавад, нестанд.
Дар ҳамин ҳол, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тамоми ниҳодҳои давлатии ин кишвар муваззаф шудаанд, ки аз аввали моҳи апрели соли 2019 заминаи пардохти ғайринақдии баҳои анвои хадамот ба мардумро фароҳам кунанд. Дар дастури раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тамоми идороти давлатӣ дар ин кишвар бояд бо насби таҷҳизоти мавриди ниёзи пардохти электроникӣ ҳазинаи хадамот ва нақлу интиқоли муомилоти бонкиро ба ин шева дарёфт кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом коҳиши мизони нақдинагӣ дар муомилоти молии Тоҷикистон унвон шудааст.