Декабр 18, 2018 16:33 Asia/Dushanbe
  • Марги ғайримунтазираи яке аз фармондеҳони низомии пешини Тоҷикистон

Полковник Саъдӣ Холмуродов, маъруф ба Саъдӣ -командир, муовини собиқи генерал Сӯҳроб Қосимов аз рӯзи ҷумъаи 14 декабр бедарак шудааст.

Ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ки ӯ дар наздикии нирӯгоҳи Бойғозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст, вале ҷасадашро то ҳол пайдо накардаанд. Сулҳия Холмуродова, ҳамсари Саъдӣ-командир гуфт, шавҳараш дар наздикии Бойғозӣ замини деҳқонӣ дошт ва дар нирӯгоҳ ҳам кор мекард. Ӯ мегӯяд, мақомот аз он маҳал сангҳои хунолудеро пайдо кардаанд ва ин шубҳаҳоро дар мавриди эҳтимоли ғарқ шудани Саъдӣ Холмуродов бештар мекунад.

Баъзе аз манобеъ хабар доданд, ки полковники бознишастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов – маъруф бо лақаби "Саъдӣ Командир” ва дар гузашта аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов – дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ба қавли онҳо, ҳодиса чаҳор рӯз пеш рух дод ва ғаввосони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар пайи ҷустуҷӯи ҷасади ӯ ҳастанд.

Фаррухрӯз Хайруллозода– маъмури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак –гуфтааст, "Саъдӣ Командир” дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ ғарқ шудааст. Ғаввосон барои ёфтани ҷасади ӯ талош доранд. Дирӯз то шом кофтанд, вале наёфтанд.”

Вай ҷузъиёти бештари ҳодисаро ошкор накард ва гуфт, ки дар сурати пайдо шудани ҷасади "Саъдӣ Командир” мақомот тафсилотро хоҳанд гуфт.

Аммо наздиконаш ба ин фарзия бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, Саъдӣ Холмуродов, воқеан, аз рӯзи ҷумъаи гузашта ба ин тараф нопадид шудааст ва то ба ҳол на зинда ва на мурдан буданаш маълум нест.

Сулҳия Холмуродова, ҳамсари Саъдӣ Холмуродов гуфтааст, шавҳараш дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ як замин дошт ва дар нерӯгоҳ низ кор мекард. Ба иддаои ӯ маъмурони милиса аз маҳалли эҳтимолии ғарқ шудани шавҳараш сангҳои хунолуд ёфтаанд ва ин шубҳаи онҳоро дар мавриди худ ба худ ба дарё афтодани ӯ бештар кард.

"То ҳол ташхис накардаанд, ки хуни рехта ба хуни Саъдӣ мутобиқат мекунад, ё не. Дар ҷое, ки сангҳои хунолуд истодаанд, аробаи боркашониро ёфтаанд. Вай бо ин ароба дар замин кор мекард", - афзуд ҳамсари Саъдӣ Холмуродов.

Саъдӣ Холмуродови 56-сола қаблан дар қисми низомии "35-02”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва солҳои охир бознишаста буд.