Тадвини пешнависи қонуни зидди фасод дар Тоҷикистон
Ду ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон барои нахустин бор пешнависи қонунеро омода кардаанд, ки иҷрои саҳеҳи он аз фасодҳои давлатӣ ва гирифтани тасмимоти муғойир бо манофеи мардум, кормандон ва масъулон ҷилавгирӣ мекунад.
Ба нақл аз Форс, Агентии хизмати давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин лоиҳаро, ки “Лоиҳаи пешгирӣ аз таорузи манофеъ дар ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои Тоҷикистон” ном гирифта, бо ҳадафи решакан кардани фасод дар ниҳодҳои давлатӣ таҳия кардаанд.
Ин лоиҳа дар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои муртабит низ баррасӣ ва мутолиа шудааст.
Мубтакирони ин лоиҳа муътақиданд, дар сурати тасвиби он тасмимоти муғойир бо манофеи кормандон ва масъулони давлатии ин кишвар гирифта нахоҳад шуд ва пазириши ин лоиҳа ва тасвиби он аз сӯи парлумон зарбаи шадиде ба фасод дар ин кишвар ворид хоҳад кард.