Афзоиши қимати билети ҳавопаймо ва коҳиши теъдоди муштариён дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40290-Афзоиши_қимати_билети_ҳавопаймо_ва_коҳиши_теъдоди_муштариён_дар_Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 23 дарсадии қимати билети ҳавопаймо дар ин кишвар тайи соли ҷорӣ хабар медиҳад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ коҳиши шадиди мусофиронро таъйид мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 19, 2018 07:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати билети ҳавопаймо ва коҳиши теъдоди муштариён дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 23 дарсадии қимати билети ҳавопаймо дар ин кишвар тайи соли ҷорӣ хабар медиҳад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ коҳиши шадиди мусофиронро таъйид мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия тайи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли қабл 23 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин мавзуъ мусофиронро ба рафтан ба Узбакистон ва Қирғизистон ва сафар бо ҳазинаи камтар водор мекунад.

Қимати билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав барои як мусофир дар соли 2017 наздик ба ҳазору 300 сомонӣ буд, ки дар соли ҷорӣ ба ҳазору 700 сомонӣ то ҳазору 800 сомонӣ расидааст.

Азиз Набизода, муовини раиси Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон гуфтааст, ки тайи соли ҷорӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ин ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз мусофирони худро ба далели гаронии қимати билет аз даст додаанд. Зеро сокинони водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон бо боз шудани роҳи Узбакистон, акнун аз шаҳри Самарқанд ба Русия парвоз мекунанд, ки нисфи қимати билети ҳавопаймо дар Душанбе аст. Ҳамчунин сокинони навоҳии ҳаммарзи вилояти Суғд бо Қирғизистон тарҷеҳ медиҳанд, ки аз шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Ботканди кишвари ҳамсоя ба Русия парвоз кунанд, ки ба маротиб арзонтар аст.

Вай иллати гарон шудани қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар соли ҷориро нархи сӯхт эълом кардааст, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ 2 баробар бештар аст.

Аз сӯйи дигар, ҳазинаи болои таъмир, муоина ва хадамоти фаннии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар хориҷ низ муҷиби афзоиши қимати билет дар ин кишвар шудааст.

Аммо Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки на танҳо қимати сӯхт, балки набуди рақобат миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва роҳ надодани ширкатҳои хориҷӣ муҷиби нобасомонӣ дар ироаи хадамоти ҳавоӣ мешавад.

 Ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”, ки 10 адад ҳавопаймо доранд, иҷоза намедиҳанд ширкатҳои хориҷии дигар ба Тоҷикистон ворид шаванд, дар сурате, ки вуҷуди ширкатҳои хориҷӣ дар ин кишвар ба таври қатъӣ коҳиши қимати билет ва хадамоти ҳавоииро ба дунбол хоҳад дошт.