Афзоиши дуздӣ ва қаллобӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40300-Афзоиши_дуздӣ_ва_қаллобӣ_дар_Тоҷикистон
Созмони омори Тоҷикистон аз афзоиши иртикоби бархе ҷароим ҳамчун сирқат ва ҷаъл ва қаллобӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 19, 2018 11:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дуздӣ ва қаллобӣ дар Тоҷикистон

Созмони омори Тоҷикистон аз афзоиши иртикоби бархе ҷароим ҳамчун сирқат ва ҷаъл ва қаллобӣ дар ин кишвар хабар дод.

Агенти омори Тоҷикистон дар сомонаи интернетиаш эълом кард: омори дуздӣ ва сирқат дар ин кишвар дар ёзда моҳи гузашта 18.5 дарсад ва омори каллобӣ 21.9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат ба таври куллӣ беш аз 20 ҳазор маврид ҷурм ва ҷиноят дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Аз сӯи дигар омори кашфи қонуншиканиҳо низ дар муқоиса бо соли 2017 бо як дарсад коҳиш ба 82.8 дарсад расидааст.

Маҳофили давлатии Тоҷикистон иллати афзоиши ҷурму ҷиноят дар ин кишварро бетаваҷҷуҳии волидайн ва контрол накардани саҳиҳи ҷавонон медонанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони мустақил мушкилоти иқтисодӣ ва заъфи омӯзаҳои диниро аз омилҳои муҳимми рушди ҷурм ва ҷиноят мешуморанд.