Афзоиши 13-дарсадии теъдоди бекорон дар Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар дар муқоиса бо соли қабл теъдоди афроди бекор 13,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин ниҳод эълом кардааст, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ теъдоди расмии афроди бекор ба беш аз 51 ҳазор нафар расида, ки дар муқоиса бо соли қабл 13,2 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар моҳи октябри имсол 5 ҳазору 900 нафар ба таври расмӣ барои пайдо кардани шуғл ба идораи кори ин кишвар муроҷиа кардаанд, ки аз ин теъдод 3 ҳазору 700 нафарро ба ширкатҳо ва корхонаҳо муаррифӣ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон ниёз ба истихдоми беш аз 9 ҳазор коргар вуҷуд дорад, ки бояд довталабон мутахассиси ҳирфаӣ бошанд.
Шохиси ниёзмандии ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон барои ҷазби коргар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Теъдоди умумии афроде, ки барои пайдо кардани ҷойи кор дар идораҳои кори Тоҷикистон расман сабти ном кардаанд, беш аз 51 ҳазор нафар мебошад, ки наздик ба 29 ҳазор нафари онон занон мебошанд.
Бо ин ҳол мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон муътақиданд, ки теъдоди афроди бекор дар ин кишвар 2,2 дарсад аз нуруи дорои шароитро ташкил мекунад.
Аммо коршиносон теъдоди афроди бекор дар Тоҷикистонро ба маротиб бештар аз омори расмии мақомоти ҳукуматӣ медонанд.