Декабр 27, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон муфаттиши фирории муттаҳам ба шиканҷагариро истирдод кард

Мақомоти қазоии Қирғизистон як муфаттиши фирории муттаҳам ба шиканҷаи узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро ба кишвараш таҳвил додаанд.  

Ба нақл аз хабаргузории Осиёи Марказӣ, генерал Шӯҳрат Шамсуддинов, корманди собиқи ШВКД Ашт, ки ба далели шиканҷа мунҷар ба худкушии Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҲНИТ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дошт, дар вилояти Ботканди Қирғизистон боздошт ва ба Хуҷанд мунтақил шудааст.

Вай пас аз боздошти ду нафар аз гумонбарони шиканҷаи Комил Хоҷаназаров фирорӣ шуд ва таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифт.

Хоҷаназаров, ки моҳи августи соли 2017 худкушӣ кард, қабл аз марг дар як навор шикоят карда буд, ки ӯро дар боздошт ба таври бераҳмона шиканҷа додаанд. Моҳи июни соли 2018 Латифҷон Юлдошев, корманди собиқи РВКД Суғд бо ҷурми шиканҷаи Хоҷаназаров ба 13 соли зиндон ва корманди собиқи шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ба зидди Шамсиддинов алакай бар асоси моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон ва расондан ба худкушӣ айбнома эълон кардаанд. Ӯ аз ҷумлаи он кормандони мақомот аст, ки ба шиканҷа додан ва ба худкушӣ расондани Комил Хоҷаназаров, як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашт айбдор мешаванд.

Парвандаи худкушии Комил Хоҷаназаров яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои як соли охир дар вилояти Суғд ба шумор меравад ва алакай боиси зиндонӣ шудани ду корманди мақомот шудааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони вилояти Суғд рӯзи 19 июн Латифҷон Юлдошев – собиқ корманди фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии РВКД вилояти Суғд ва корманди низ собиқи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва маҷбур кардани гумонбар ба додани нишондоди бардурӯғ гунаҳкор шинохт. Юлдошев ба 13 сол ва Наимов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ гуфт, парвандаи гумонбари сеюм дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров – корманди РВКД Суғд Шӯҳрат Шамсиддинов, ки фирор кардааст, баъди дастгир шуданаш алоҳида муҳокима хоҳад шуд.

Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2018 дастгир шуд. Юлдошевро рӯзи 7 март бо ваъдаи ин ки "масъалааш ҳал шудааст” ба дом афтонда, боздошт карданд. Баъди рӯ задани қазияи шиканҷаи Хоҷаназаров ҳамчунин сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт Парвин Комилов таҳти бозҷӯӣ қарор гирифта буд ва аз мақомаш барканор карда шуд.